Энергетикҳои тоҷик ният доранд, ки рӯзҳои наздик реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ (лимит) дар кишварро, ки нимаи моҳи октябри соли гузашта ҷорӣ гардида буд, пурра бекор намоянд.
Сардори хадамоти танзим (диспетчерӣ)-и ширкати Барқи тоҷик Одинамаҳмад Чоршанбиев зимни нишасти хабарӣ дар ин робита қайд кард, ки обуҳавои мусоиди зимистон имсола ба энергетикҳо имкон дод, ки масъалаи таъминот бо барқро нисбат бо солҳои пешин ба таври қобили мулоҳиза беҳтар созанд. «Бо истифода аз захираҳои мавҷуда, рӯзҳои наздик лимитро бекор карданием», - гуфт ӯ, вале таъкид дошт, ки алҳол санаи мушаххаси онро гуфта наметавонад.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи ширкати «Барқи тоҷик» зикр кард, ки «нисбат ба соли гузашта лимит барвақттар бекор мешавад, ҳатто агар он ҳамагӣ як рӯз пештар бошад ҳам».
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта лимити истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон 27 феврал комилан бекор шуда буд.
Ба иттилои намояндаи ширкат, барои бекор кардани лимит захираҳои обиву энергетикӣ ва сӯзишворӣ кифоя мебошанд.
Чоршанбиев таъкид дошт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта захираҳои об дар обанбори асосии кишвар - Норак имрӯз беш аз 1 метр баландтар аст.
Ба гуфтаи роҳбари ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода, айни замон аксари шаҳру маркази ноҳияҳои ҷумҳурӣ шабонарӯзӣ бо барқ таъмин буда, ба аҳолии минтақаҳо дар як шабонарӯз то 14 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста