Зимни нишасти хабарӣ сардори Сарраёсати молиявӣ-иқтисодии ширкати «Барқи тоҷик» Рустам Маҷидов иттилоъ дод, ки ба аввали соли ҷорӣ қарзи ширкат бидуни назардошти воситаҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба 1,5 млрд. сомонӣ расидааст.
«Ҳақиқатан ҳам тайи солҳои ахир ширкати «Барқи тоҷик» дар робита ба таъсири манфии омилҳои беруна ва дохилӣ дар вазъъи мушкили молиявӣ қарор дорад», - изҳор дошт ӯ.
Ба қавли Маҷидов, ба санаи 1 январи соли 2016 қарзи ширкат аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» - 505 млн. сомонӣ ва «Сангтӯда-2» - 315 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Маҷидов қайд кард, ки бо назардошти воситаҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ қарзи ширкат ба зиёда аз 8 млрд. сомонӣ мерасад.
«Дар бораи хусусигардонии ширкат дар робита ба вазъи мушкили молии он айни замон дар ин хусус мо ҳеҷ маълумоте дар даст надорем», - иброз дошт намояндаи ширкат.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон ҷараёни азнавташкилдиҳии сохторҳои ширкати «Барқи тоҷик» идома дошта, мувофиқи қарори ҳукумат, он то соли 2018 давом мекунад ва то ин давра масъалаи хусусигардонии ширкат баррасӣ намешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста