Низомҳои интиқоли пул ирсоли рубли русӣ ба Тоҷикистонро рад мекунанд.
Ин маълумотро дар дафтарҳои кории низоми интиқоли пули «Золотая корона» ва «Лидер», ки миёни тоҷикони интиқолдиҳандаи маблағҳо бештар писандидаанд, ба «Азия-Плюс» тасдиқ карданд.
«Дар робита ба аз 2 феврал дар Тоҷикистон ҷорӣ шудани баъзе маҳдудиятҳо, низомҳои интиқоли пул ирсоли воситаҳои пулӣ ба ин кишвар бо рубли русиро қатъ карданд», - гуфтанд ҳамсуҳбатон.
Онҳо зикр карданд, ки ҳангоми фиристодани рубли русӣ ба Тоҷикистон маблағ дар нуқтаҳои интиқоли пул ба дигар асъор - сомонӣ, доллар, евро иваз мешавад. «Танҳо баъди ин интиқоли пул ба расмият дароварда мешавад», - афзуданд онҳо.
Бино ба қурби расмии Бонки марказии Русия, 10 сомонӣ - 97 рублу 51 тин ва 1 доллар - 76 рублу 40 тин арзиш дорад.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳ Бонки миллӣ ба ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дастур дод, ки шурӯъ аз 2 феврал маблағҳои пулии бо рубли русӣ ба Тоҷикистон воридшударо бо арзи миллӣ - сомонӣ диҳанд.
Ҳамчунин баъдтар БМТ дар мавриди ин масъала маълумот дод , ки қурби барои мубодила аз ҷониби БМТҳамарӯза муқарраршаванда дар асоси қурбҳои бозории рубли нақди русӣ муқаррар карда шуда, аз қурби расмии рубли русӣ баландтар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста