Ҳукумати Тоҷикистон ба Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дастур додааст, ки кори терминалҳо барои дар муҳлати кӯтоҳ пардохт намудани хизматрасониҳои коммуналиро ба роҳ монад.
Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мутобиқи дастури ҳукумат, пардохти тамоми хизматгузориҳои коммуналӣ, аз ҷумла маблағи истифодаи нерӯи барқ низ бояд танҳо тариқи терминали «Амонатбонк» сурат гирад.
Ба иттилои манбаъ, бар асоси ин дастур ширкати «Барқи тоҷик» қарордод бо ширкати хусусии «Авфар»-ро, ки қаблан тариқи он аз хизматгузориҳои терминалҳои зудпардохт (Expresspay) истифода мекард, бекор намудааст.
Дар идома қайд шуд, ки «Амонатбонк» аз ширкати «Авфар» таъминоти барномавии теминалҳои пардохт дар муҳлати кӯтоҳро харидааст.
«Айни замон дар шаҳри Душанбе 50 чунин терминал гузошта шуда, шаҳри Норак низ бо чунин дастгоҳҳо таъмин аст ва ҳамчунин корҳои роҳандозии насби чунин барнома дар шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Ҳисор ва вилояти Суғд ҷараён дорад», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки то санаи 10 феврали соли равон ҳамаи 1,2 млн. нафар истеъмолгарони ширкати «Барқи тоҷик» имкон пайдо мекунанд, ки маблағи истифодаи нерӯи барқро тариқи чунин терминалҳо пардохт кунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста