Низомҳои интиқоли маблағҳои “Золотая корона” ва “Лидер” маблағҳоро бо пули русӣ бе мамониат қабул мекунанд.
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷавоб ба хабари сомонаи оҷонсии иттилоотии “Азия-плюс” дар мавриди он, ки гӯё низоми интиқоли маблағҳои “Золотая корона” ва “Лидер” қабул ва интиқоли рубли русии шаҳрвандони Тоҷикистонро қатъ кардааст, изҳор менамояд, ки дар айни замон тамоми низомҳои интиқолии амалкунанда дар қаламрави Русия, аз он ҷумла “Золотая корона” ва “Лидер” тибқи реҷаи маъмулӣ ин амалиётҳоро анҷом дода истодаанд. Тамоми сару садоҳо дар атрофи қатъ гардидани қабули маблағҳои бо рубли русӣ пешниҳодшавандаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Русия аз ҷониби низомҳои интиқолии зикршуда дурӯғ буда, ягон зарра ҳақиқат надоранд.
Субҳи имрӯз, чун рӯзҳои дигар масъулони Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони низомҳои интиқолии Русия иртиботи телефонӣ доштанд ва дар натиҷа маълум гашт, ки низомҳои номбурда бе мамониат маблағҳои рублии шаҳрвандони Тоҷикистонро қабул ва ба ҷумҳурии мо интиқол дода истодаанд. Илова бар ин, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ бо зиёда аз 20 низоми интиқолии дунё, аз ҷумла бо Русия ҳамкорӣ зич доранд ва ҳамарӯза аз тариқи ин низомҳо ба Тоҷикистон бе ягон мушкилот маблағҳои пулӣ интиқол дода мешаванд.
Ҳамчунин, қайд кардан зарур аст, ки нуқтаҳои интиқоли маблағҳои ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ҳамарӯза маблағҳои бо рубли русӣ, аз он ҷумла аз Русия фиристодашударо ба интиқолгирандагон бо пули миллӣ – сомонӣ пардохт менамоянд. Дар робита ба ин масъала айни замон ягон мушкилот нест, зеро фаъолияти бомарому муназзами нуқтаҳои интиқоли маблағҳо ҳамеша таҳти назорати Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста