Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 ахири соли равон дар назар аст.
Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон корҳои сохтмон ва насби таҷҳизот босуръат ҷараён доранд.
Ба иттилои манбаъ, иқтидори истеҳсолии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 алҳол 100 мегаваттро ташкил медиҳад.
«Иқтидори истеҳсолии марҳилаи навбатии лоиҳа 300 мегаваттро ташкил дода, иқтидори умумии МБГ то 400 мегаватт мерасад», - таъкид доштанд дар ширкат.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 192 иншооти пойтахт пайваст шудааст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2014 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишнома дар бораи қарзи ҳукуматии имтиёзнок миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки содиротиву воридотии Чин аз рӯи лоиҳаи «Сохтмони навбати дуюми МБГ Душанбе-2»-ро тасдиқ намуд. Барои амалисозии лоиҳаи мазкур «Эксимбонк»-и Чин дар ҳаҷми 331,5 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок ҷудо мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста