Як ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти раҳбарии Пол Росс аз 1 то 10 феврал ҷиҳати баррасии сиёсати макроиқтисодӣ ва барномаи ислоҳоти сохторӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, дар ин муддат гурӯҳи кормандони Хазина ба нахуствазири Тоҷикистон, муовини аввали ӯ ва раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид карданд.
Дар изҳороти раҳбари ҳайат гуфта мешавад, ҳукумати Тоҷикистон ва гурӯҳи кормандони ХБА оид ба баррасии нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар тайи соли ахир, таъсири омилҳои беруна, асосҳои сиёсати макроиқтисодии мақомоти расмӣ ва тарҳҳои ислоҳот гуфтушуниди созанда анҷом доданд.
«Ҳайати ХБА ба ҳамкории зич бо Тоҷикистон идома дода, аз талошҳои ҳукумат ва Бонки миллӣ бобати мусоидат ба суботи макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодӣ дастгирӣ мекунад. ХБА ҳамчунин ба пешниҳоди кумаки фаннӣ ҷиҳати рушди имконоти ниҳодҳои иқтисодии Тоҷикистон идома мебахшад», - омадааст дар иттилои ХБА.
Зикр мегардад, ки ҳукумати Тоҷикистон хостори боисрор ва қотеъона талош варзидан ба иҷрои вазифаҳо (хатарҳо)-и назди иқтисод қарордошта буда, ҳайати ХБА ин кӯшишҳоро дастгирӣ хоҳад кард.
«Тайи 18 моҳи ахир иқтисоди Тоҷикистон чун иқтисоди дигар кишварҳои минтақа ба таъсири ҷиддии омилҳои беруна дучор шудааст, ки онҳо ба коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ бо доллари ИМА, даромад аз содирот ва қурби табодули асъор, кам шудани воридот ва истеъмол, таъсир ба вазъи молии бонкҳо оварда расонида, ҳамаи ин мутаносибан ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ таъсир расонид. Ҳарчанд нисбатан устувор будани қурби мубодила баъзе омилҳои фишорро сабуктар карда бошад ҳам, тасҳеҳу тағйири нишондиҳандаҳои иқтисоди Тоҷикистон вобаста ба коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон ва даромад аз содирот дар партави бозгашти муҳоҷирони корӣ ба ватан идома дорад», - қайд мешавад дар иттилои Хазина.
Дар маълумот ҳамчунин зикр мегардад, ки ҳайати ХБА аз ҷасорати мақомоти расмии Тоҷикистон истиқбол намуда, аз ҳадафҳои онҳо пуштибонӣ мекунад, бахусус дар шароити ба таври назаррас бад шудани дурнамои рушди иқтисодӣ дар соли 2016.
Гуфта мешавад, дар ин робита мақомоти расмӣ ва ҳайати ХБА вазъи сиёсати иқтисодӣ оид ба идоракунии таъсирҳои беруна, нигаҳдории суботи макроиқтисодӣ ва роҳу воситаҳои ноил гардидан ба рушди устувор ва ҳамаҷониба дар дурнамои миёнамуҳлатро баррасӣ карданд.
Зимнан зикр мегардад, ки ХБА баҳри мусоидат ба барномаи иқтисодии мақомоти расмӣ ва барномаи ислоҳот омода аст, аз ҷумла бо баррасии пешниҳоди дастгирии молиявӣ бо шарти аз ҷониби мақомоти расмӣ қабул шудани тадбирҳои назарраси сиёсати иқтисодӣ дар марҳилаҳои ибтидоӣ.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ , ҳини сафари ин ҳайат ҳукумати Тоҷикистон аз Хазинаи байналмиллалии асъор дар шароити буҳрони иқтисодӣ ҳудуди 100 миллион доллар кумаки молӣ дархост кардааст.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста