Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Патрисия Виверс–Картер созишномаро ҷиҳати маблағгузории Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳишдиҳии таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал - ро (CAMP4ASB) ба имзо расониданд. Дар доираи барномаи минтақавӣ ҳаҷми маблағгузории Тоҷикистон аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 9 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар доираи Барнома, маблағгузорӣ ба аҳолии деҳот барои бартараф намудани таҳдидҳои ҷорӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва воситаҳои зиндагӣ дар деҳот, ки аз хатароти иқлимӣ ба монанди хушксолӣ ва боду ҳавои экстремалӣ бармеоянд, пешниҳод мегарданд. Гуногунсозии кишти зироат, идоракунии дохилихоҷагии захираҳои об ва баланд бардоштани самаранокӣ, барқарорсозии заминҳои таназзулёфта, истеҳсоли чорво, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, вусъатдиҳии самаранокии нерӯ якчанд мисолест аз чорабиниҳое, ки дар доираи лоиҳаи мазкур маблағгузорӣ мегарданд.
Ин сармоягузориҳои алоқаманд ба тағйирёбии иқлим ба беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар минтақаҳои деҳот мусоидат намуда инчунин талошҳои ба коҳишдиҳии таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ равонашударо, ки метавон дар саросари минтақа вусъат дод, нишон медиҳанд. Интизор меравад, ки дар натиҷаҳои амалисозии лоиҳаҳои мазкур дар Тоҷикистон 91,000 нафар манфиат мебарад.
Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳишдиҳии таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал ба манфиатбардорӣ аз ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти афзоишёбандаи тағйирёбиииқлим, ки бештари вақт аз ҳудуди марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ берун меоянд, нигаронида шудааст.
Моҳи ноябри соли 2015, Раёсати директорони иҷроияи Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ ҷудо намудани 38 миллион доллари ИМА-ро ҷиҳати маблағгузории марҳилаи аввали Барнома ба тасвиб расонид. Дар марҳилаи аввали Барнома, дастгирии Тоҷикистон ва Узбекистон аз он ҷумла ташкилоти минтақавии Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилаллӣ барои наҷоти баҳри Арал пешбинӣ шудааст. Дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ корҳои омодагӣ ҷиҳати иштироки онҳо дар Барнома дар давоми ду соли оянда оғоз ёфтаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста