Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи бекор кардани маъмурияти муваққатӣ дар ҶСП «Фононбонк» маълумот медиҳад.
«Мутобиқи моддаи 61-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 12 феврали соли ҷорӣ фаъолияти Маъмурияти муваққатии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Фононбонк”-ро бинобар бартараф шудани асосҳое, ки боиси таъини он гардида буданд, анҷомёфта ҳисоб намуд.», - омадааст дар маълумоти хадамоти матбуоти БМТ.
Қайд мешавад, ки дар робита ба қарори зикршуда, роҳбарияти ҶСП “Фононбонк” уҳдадор карда шуд, ки дар муҳлати то як моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур нақшаи беҳбудии вазъи молиявии бонкро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябри соли гузашта бо мақсади беҳбуди вазъи молиявии ҶСП «Фононбонк» БМТ дар ин муассисаи тиҷоратӣ маъмурияти муваққатӣ таъин кард .
ҶСП «Фононбонк» вориси ҶСП «Ташкилоти қарзии Фонон» мебошад. Моҳи майи соли 2007 «Фононбонк» дар Вазорати адлияи ҶТ сабти ном шуда, 4 январи соли 2008 барои анҷоми амалиёти молиявӣ ба сифати бонк аз БМТ иҷозатнома гирифт.
Дафтари кории маркзии ҶСП «Фононбонк» дар пойтахт қарор дошта, бонк дар саросари кишвар 14 филиал дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста