Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи афзоиши шумори марказҳои хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ маълумот медиҳад, ки мутобиқи қоидаи нав, аз ҷумла амалиёти мубодилаи асъорро низ анҷом медиҳанд.
«Хоҳишмандон барои анҷом додани мубодилаи асъор метавонанд ба хазинаҳои 121 ташкилоти қарзӣ, 434 филиали онҳо, 1 ҳазору 265 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 1 ҳазору 464 нуқтаи интиқоли маблағ муроҷиат намоянд», - қайд мекунад хадамоти матбуоти Бонки миллӣ.
Дар маълумоти хадамоти матбуоти БМТ зикр мегардад, ки танҳо дар якуним моҳи соли равон шумораи филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзӣ 28 адад зиёд шудааст.
Таъкид мешавад, ки дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Султони Кабир», «Фаровон», бозорҳои фурӯши яклухти маҳсулоти хӯрокворӣ, фурӯшгоҳи марказии «СУМ», маркази савдои «Садбарг» барои анҷом додани амалиёти мубодилавӣ 10 адад марказҳои нави хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзӣ ташкил шуда, ҳамарӯза ба мардум хизмат мерасонанд ва раванди таъсиси марказҳои нави хизматрасонии бонкӣ идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабри соли гузашта бо қарори Раёсати БМТ фаъолияти ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъор қатъ карда шуд.
Мувофиқи тартиботи нав, минбаъд мубодилаи асъор танҳо дар марказҳои хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳои пулӣ сурат мегирад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста