Зимни мулоқот бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷчатуллоҳи Фағонӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз сафир дархост намуд, ки барои дар сатҳи нави ҳамкорӣ ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи судманди бонкҳои ҳарду кишвар нақшгузор бошад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ , Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ омодагии кишвари худ, ҳамчунин сармоядорони онро дар ҷодаи тавсеаи ҳамкориҳо дар иқтисодиёт, аз ҷумла дар низоми бонкии Тоҷикистон иброз намуд.
Сафир таъкид дошт, ки баъди аз байн бардошта шудани таҳримҳои чандинсолаи иқтисодӣ имкониятҳои кишвараш барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни дуҷониба бештар гашта, аз ҷумла, бонкҳои иронӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, бо дастгирии БМТ дар ноҳия ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ боз кардани филиалу намояндагиҳо худро ба нақша гирифтаанд ва ба ин васила дар рушди низоми бонкӣ саҳм гузоштанианд.
Қобили зикр аст, ки филиали бонки эронии «Тиҷорат» аз соли 1995 дар низомии бонкии Тоҷикистон фаъолият дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста