Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро ба андозаи 1,0 банди фоизӣ зиёд ва дар сатҳи 9,0 фоизи солона муқаррар кард.
«Бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва зиёд гардидани фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ ба иқтисодиёти кишвар, мутобиқи моддаи 16-и Қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо қарори Раёсати БМТ аз 18 феврали соли ҷорӣ меъёри бозтамвили БМТ ба андозаи 1,0 банди фоизӣ зиёд ва дар сатҳи 9,0 фоизи солона муқаррар карда шуд», - зикр мегардад дар маълумоти хадамоти матбуоти БМТ.
Гуфта мешавад, бо қарори дигари Раёсати БМТ аз 18 феврали соли равон меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби БМТ пешниҳод мегарданд, дар сатҳи 18,0 фоизи солона муқаррар карда шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки қарорҳои мазкур аз санаи 1 марти соли равон дар амал татбиқ карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста