Яке аз ҳадафҳои аслии сафари ҳокими вилояти Қазоқистони Шарқии Ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Аҳмедов ба Қирғизистону Тоҷикистон баррасии масъалаи имкони ба бозорҳои ин кишварҳо роҳ ёфтани маҳсулоти холдинги «Бипэк Авто - Азия Авто» арзёбӣ мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ҳокими ин вилоят, дар мулоқот бо муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷонибҳо муфассал масъалаҳои роҳандозии корҳои тадорукотӣ, ташкили фурӯши чакана ва хизматгузории баъди фурӯши автомобилҳои тамғаи Lada дар қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Гуйта мешавад, аз рӯи натоиҷи гуфтушунидҳо дар бораи ояндаи наздик ба Қирғизистону Тоҷикистон сафарбар кардани гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати баррасии масоили роҳ ёфтани маҳсулоти холдинг ба бозорҳои ин кишварҳо тавофуқ ҳосил шудааст.
«Ба фурӯши автомобилҳои мо дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон бидуни шакк имконият мавҷуд аст. Мо дар ин хусус муворфиқаи дахлдор дорем. Вазифаи асосӣ шиносоӣ бо бозори маҳалласт», - қайд кардааст директори генералии «Бипэк Авто - Азия Авто» Ержан Мандиев, ки дар вохӯрӣ ҳузур доштааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста