Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарии фурудгоҳҳои байналмилалии Хуҷанду Қӯрғонтеппа ва сохтори Хадамоти назорати давлатии фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тағйироти кадрӣ ворид намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Маъруф аз вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” озод ва ба вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа” таъин карда шуд.
Қурбони Алимардон Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” таъин гардида, Леонов Михаил Константинович аз вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа” озод карда шуд.
Бо қарорҳои дигари ҳукумати мамлакат Холназаров Баҳодур Маҳмадназарович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти назорати давлатии фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ озод гардида, ба ҷойи ӯ Бекмуродзода Султон Бегмурод сардори ин хадамот таъин гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста