Барои дастгирии иқтисоди ҷумҳурӣ дар шароити буҳрон, Тоҷикистон аз Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ҳудуди 500 млн. доллари ИМА маблағ дархост карданист. Дар ин бора газетаи Financial Times хабар медиҳад.
Дар мусоҳиба ба нашрия муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев изҳор доштааст, ки «агар ХБА тариқи воситаҳои қарзҳои васеи худ ба ҷумҳурӣ 500 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекард, мувофиқи мақсад ва оқилона мебуд».
Нуралиев қайд кардааст, ки масъалаи аз ҷониби ҳукумат ба Хазина муроҷиат кардан алҳол то охир ҳаллу фасл нашудааст ва айни замон бо Хазина дар робита ба ин масъала гуфтушунид ҷараён дорад. «Бо дигар ниҳодҳои молии байнулмилалӣ низ Тоҷикистон дар ин маврид гуфтушунид дорад», - иброз доштааст ӯ.
Муовини раиси БМТ таъкид доштааст, ки моҳи декабри соли гузашта Бонки осиёгии рушд барои дастгирии буҷет 60 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо карда, бо Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди ҷудо кардани 30 лн. доллари ИМА ва бо Фонди авруосиёӣ доир ба ихтисос додани 20 млн. доллари ИМА гуфтушунидҳо ҷараён доранд.
Нашрия навиштааст, барои дастрас кардани кумак аз ХБА ҳукумати Тоҷикистон бояд як қатор шартҳо, аз ҷумла қатъи назорати асъор ва ҳамчунин роҳандозии ислоҳоти бонкӣ ва муассисаҳои давлатиро бипазирад.
Зимнан зикр мегардад, ки агар ҳатто ҳукумати Тоҷикистон ба ин шартҳо розӣ шавад ҳам, ҳаҷми қарзи ХБА аз 500 млн. доллари ИМА ба таври назаррас камтар хоҳад буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста