Аз лиҳози суръати дастрасӣ ба шабакаи интернет миёни кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаҳои охир қарор дорад. Дар ин бора БЕЛТА бо такя ба гузориши таҳлилии ширкати канадагии SecDev Corp хабар медиҳад.
Қайд мешавад, ки сатҳи суръати дастрасӣ ба шабака дар Тоҷикистон барои муштариён 1 Мбит/сония (Babilon-T)-ро ташкил медиҳад.
Ба сегонаи кишварҳои суръати беҳтарини дастрасӣ ба шабакаи интернет бо 1 Гбит/сония Беларус, ИМА ва Шветсия шомиланд. Канда бо суръати 940 Мбит/сония зинаи чорумро ишғол мекунад.
Таҳлилгарон зикр мекунанд, ки дар аксари кишварҳо ба муштариён суръати дастрасии маъмулии 100 Мбит/сония пешниҳод мешавад. Ҳудуди суръати дастрасӣ дар Аврупо дар сатҳи 600 Мбит/сония (Полша) қарор дорад. Дар Литва ва Испания суръати дастрасӣ ба 300 Мбит/сония, Олмон ва Латвия - 400 Мбит/сония баробар аст.
Ба шумори кишварҳое, ки дар зинаи охир қарор доранд, дар баробари Тоҷикистон Арманистон - 40 Мбит/сония, Словения - 15 Мбит/сония ва Туркманистон - 0,5 Мбит/сония дохил мешаванд.
Суръати аз ҳама бештар миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон зикр гардидааст, ки 160 Мбит/сонияро ташкил медиҳад. Дар Қазоқистон суръати дастрасӣ ба шабака ба 120 Мбит/сония, Ӯзбекистон - 1 Мбит/сония баробар аст. Ҳудуди суръати дастрасӣ ба интернет дар Русия дар сатҳи 150 Мбит/сония қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста