Реҷаи маҳдуд (лимит)-и истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз дирӯз бекор шуд. Шурӯъ аз 23 феврал ба ҳамаи маҳаллаҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ мунтазам шабонарӯзӣ нерӯи барқ интиқол дода мешавад.
Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки обуҳавои мусоиди зимистони имсола имкон додааст, ки масъалаи таъминот бо барқ нисбат ба солҳои гузашта ба таври назаррас беҳтар карда шавад.
«Бо назардошти захираҳои об дар обанбори Норак, тасмим гирифта шуд, ки дар саросари кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ бекор карда шавад», - гуфтанд дар ширкат.
Қобили зикр аст, ки нисбат ба соли гузашта имсол реҷаи маҳудуди истифодаи нерӯи барқ 4 рӯз пештар бекор карда шуд. Соли гузашта лимити истифодаи нерӯи барқ 27 феврал бекор шуда буд.
Реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон вобаста ба шароити обуҳаво ва дигар ҳолатҳо ҳамасола дар мавсими зимистон муддати 4-5 моҳ ҷорӣ мешавад. Реҷаи маҳдуди истифодаи барқи охир 18 октябри соли 2015 ҷорӣ гардида, то 23 феврали соли 2016 идома ёфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста