Дар маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири нақлиёт Суҳроб Мирзоев бо намояндагони тиҷоратии Русия ва ширкати «Группа ГАЗ» доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт, дар рафти мулоқот маҳсулот - мошинолоти ширкати мазкурмуаррифӣ шуда, дигар масъалаҳои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан зикр мегардад, ки намояндагони ширкати «Группа ГАЗ» ба интиқоли маҳсулоти худ ба ҷумҳурӣ дар сурати зарурат омодагӣ изҳор намудаанд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли равон роҳбари КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Исломзода ба журналистон иттилоъ дода буд , ки ин корхона ва ширкати «Группа ГАЗ» ба мувофиқа расидаанд, ки соли равон бевосита корҳои таъсиси корхонаи муштарак оид ба насбу васли техникаи махсуси коммуналӣ дар Душанберо оғоз мекунанд.
Ӯ қайд карда буд, ки асноди дахлдор миёни ҷонибҳо дар ин хусус моҳи июни соли 2015 ба имзо расида, тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, арзиши лоиҳа тақрибан 6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Оид ба ин масъала бо як бонки Русия, ки бо шартҳои қобили қабул восита пешниҳод карданист, гуфтушунид дорем», - иброз дошта буд номбурда.
Ширкати «Группа ГАЗ» автомобилҳои борбардори сабук ва миёна, автобусҳо, автомобилҳои боркаши вазнин, автомбилҳои сабукрав, агрегатҳои қудратии гуногун ва қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳоро истеҳсол намуда, дар 8 минтақаи Русия 13 корхонаро муттаҳид месозад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста