Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён рӯзи 25 феврал бо намояндагони Фонди Саудии Рушд Абдуллоҳ ал-Ҳувайтер ва Сулаймон ал-Ветайд дидору гуфтушунид кард.
Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот вазир ба намояндагони Фонд барои дастгирӣ ба амалисозии як қатор лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намуда, ҷонибҳо ҳамчунин масоили шартҳои пешниҳоди воситаҳои пулӣ ва дигар масоили мавриди таваҷчуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол, зимни мулоқот бо муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев намояндагони Фонд изҳор доштаанд, ки аз ҷониби онҳо масъалаи маблағгузорӣ ба барқарор кардани роҳу пулҳо дар ВМКБ, ки аз офатаҳои табиии соли гузашта осеб диданд, мавриди баррасӣ қарор дорад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, дар мулоқот лоиҳаҳои афзалиятноки комплекси нақлиёт, ки аз ҷониби Вазорат коркард шудаанд, баррасӣ гардиданд.
Қобили зикр аст, ки Фонди Саудии рушд амалисозии як қатор лоиҳаҳо дар Тоҷикистон дар самти рушди зербинои нақлиёт дар кишвар, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Душанбе - Қалъаи Хумбро маблағгузорӣ мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста