Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аҳолиро ба эҳтирому арҷи бештар гузоштан ба арзи миллӣ - сомонӣ даъват мекунад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, муовини раиси Бонки миллӣ Сироҷиддин Икромов аз кормандони бонк даъват намудааст, ки дар мавриди эҳтиром ва арҷ гузоштан ба пули миллӣ – сомонӣ дар миёни оммаи васеи мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монанд.
«Пули миллӣ на танҳо воситаи муомилот, балки яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад. Эҳтиром ба пули миллӣ – эҳтиром гузоштан ба давлату миллат аст, - изҳор намудааст ӯ.
Қаблан раҳбарияти БМТ изҳор дошта буд, ки барои таъмини мақоми шоистаи пули миллӣ ҳамчун воситаи ягонаи муомилот ва пардохт дар қаламрави Тоҷикистон тадбирҳо андешида хоҳанд шуд.
Дар Бонки миллӣ бар ин назаранд, ки чунин иқдомҳо ба устувор шудани мақоми арзи миллии ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста