Ҳайати Гурӯҳи Бонки исломии рушд (БИР) ҷиҳати омӯзиши лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории Тоҷикистон бо сафари якҳафтаина ба ҷумҳурӣ ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), 2 марти соли ҷорӣ муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо роҳбари ҳайати Гурӯҳи БИР, директори барномаҳои кишварӣ Муҳаммад Ҷамал Ал-Саати дидору гуфтушунид кард.
Муовини якуми раиси БМТ аз муносибатҳои дуҷонибаи мавҷуда қаноатмандии худро баён намуда, омодагии низоми бонкии мамлакатро ба ҳамкории боз ҳам зичу судманд бо Бонки исломии рушд иброз дошт ва аз меҳмонон даъват ба амал овард, ки дар ин самт корро боз ҳам ҷонноктар намоянд.
Нуралиев таъкид кард, ки дар айни замон Бонки миллии Тоҷикистон ба мусоидат барои пешниҳоди кӯмаки машваратӣ барои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бонкдории исломӣ ва бозомӯзии мутахассисони бонкӣ ниёз дорад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот имкониятҳои бештари ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд, расонидани кӯмакҳои техникӣ, таҳия ва дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар бахши бонкиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муҳаммад Ҷамал Ал-Саати зикр кард, ки барои ба таври мушаххас ва мукаммал муайян кардани самтҳои ҳамкорӣ моҳи апрели соли равон гуруҳи мутахассисони касбии Бонки исломии рушд ба Душанбе меояд.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC), Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ (ICD), ки шомили ҳайати номбурда мебошанд, паҳлуҳои нави ҳамкориҳои афзалиятноки Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушдро баррасӣ намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста