Аз 1 март бо фарорасии фасли баҳор Ташкилоти амонатии қарзии хурди ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ аксияи «Баҳор»-ро роҳандозӣ намуд. Аксияи мазкур бо он ҷолиб аст, ки барои дастрасии қарз аз замони пур кардани дархост ва пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳамагӣ як рӯз кофист ва ҳамчунин бо арзи миллӣ - сомонӣ меъёрҳои фоизи фоиданок пешниҳод мегарданд.
Ҳадаф аз роҳандозии ин иқдоми ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ ба қишри аз нигоҳи иқтисодӣ нисбатан фаъоли аҳолии Тоҷикистон пешниҳод гардидани дастрасии устувор ва фаврӣ ба қарзҳо аст, ки онро метавонанд баҳри қонеъ сохтани эҳтиёҷоти истеъмолӣ ва тиҷоратӣ истифода кунанд. Омӯзгорон, хизматчиёни кироя, соҳибкорон ва дигар қишрҳои аҳолӣ мизоҷони имконпазири ин аксия шуда метавонанд.
Барои гирифтани қарз ба мизоҷ лозим аст, ки танҳо шиноснома ва РМА-ро пешниҳод намояд. Дар ҳамин ҳол, таъминоти гаравӣ дар доираи аксия талаб карда намешавад. Дар сурати мавҷуд набудани маълумотнома дар бораи даромад, як кафил ё ба сифати гарав амволи манқул тақозо мешавад.
Қобили зикр аст, ки талабот ба чунин навъи қарз аз ҷониби аҳолӣ зиёд ба назар мерасад ва аз ин рӯ, барои қонеъ кардани ин хоҳиши мизоҷон ТҚХ ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ ин иқдомро амалӣ мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста