Коршиносони намояндагии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки барои таҳкими зербинои молиявӣ, Тоҷикистонро ҳоло лозим меояд, ки зинаҳои зиёди дигареро паси сар намояд.
Бино ба маълумоти расида аз намояндагии бонк, лоиҳаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҳкими зербинои молиявӣ дар Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (ACAFI) бо дастгирии ҳукумати Швейтсария аз соли 2009 ба Тоҷикистон дар беҳбуди низоми маблағгузорӣ ба рушди тиҷорати хурду миёна, тавсеъаи дастрасӣ ба қарзҳо бо мақсади ҳавасмандсозии минбаъдаи онҳо кумак мекунад.
«Ба туфайли дастгирии Бонки миллӣ, ҳукумати ҶТ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд, Ассостсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилоҳои қарзии хурди ҷумҳурӣ дар бунёди зербинои молиявӣ бо шумули роҳандозии низоми табодули маълумоти қарзӣ, амалиёт зери гарави амволи манқул, барномаи саводнокии аҳолӣ дар масоили молия ва ғайра натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуда, ҳамаи ин тадбирҳо ба васеъ кардани имконоти дастрасӣ ба маблаггузорӣ дар кишвар равона шудаанд», - омадааст дар маълумот.
Қайд мешавад, ки дар ҷаласаи имрӯзаи маҳфили матбуот намояндагони Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва журналистон дар вазъи ғайрирасмӣ масоили натиҷаҳои ҳосилшуда аз рӯи ҳадафҳои лоиҳа бобати бунёди низоми зербинои молиявиро баррасӣ ва коршиносоони бонк дар бораи натиҷаву дастовардҳо оид ба Лоиҳаи саводноккунии молиявии аҳолӣ, низоми муомилоти таъминшуда ва тавсеъаи дастрасӣ ба маблағгузории тиҷорати хурду миёна, лоиҳаи қонунҳои таҳияшуда барои фаъолияти пурсамари низоми гарави амволи манқул ва ғайра маълумот медиҳанд.
«Вохӯрӣ журналистонро ба инъикоси бештар касбии чорабиниҳои қарибулвуқӯъ оид ба тавсеъаи имконоти маблағгузории тиҷорати хурду миёна ба воситаи рушди зербинои молиявӣ омода мекунад», - зикр мегардад дар маълумот.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста