Бонки Эсхата хизматрасонии нав Агролизингро ҷорӣ намуд, ки ба туфайли он хоҷагиҳои деҳқонӣ метавонанд техника ё тачҳизоти зарурии хоҷагии қишлоқро бо шартҳои осон дастрас созанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии бонк, Агролизинг ба шахсони ҳуқукӣ ва воқеӣ, ки бо рушди хоҷагии қишлоқ машғул ҳастанд, пешниҳод мегардад.
Мизоҷ техникаи зарурӣ ва таҷҳизотро интихоб мекунад, бо таҳвилкунанда ба созиш меояд, баъди он ба бонк барои қабули қарз муроҷиат мекунад.
Бонк аризаи мизоҷро қабул карда, фаъолият ва пардохтпазирии ӯро таҳлил мекунад, дар натиҷа шартномаи сетарафа байни бонк, мизоҷ ва таҳвилкунанда баста мешавад.
Дар чаҳорчӯбаи Агролизинг қарз дар ҳаҷми аз 100 то 50 000 доллари ИМА мутаносибат бо пули миллӣ ба мӯҳлати то 60 моҳ ҳангоми хариди техникаи хоҷагии қишлоқ ва то 36 моҳ ҳангоми хариди таҷҳизоти хоҷагии қишлоқ пешниҳод мегардад.
Маблағи қарзӣ ҳам бо асъори миллӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ дода шуда, аз рӯи дархости мизоҷ давраи имтиёзӣ низ пешниҳод мегардад.
Бояд қайд намуд, ки хизматрасонии мазкур мутобиқ ба талаботи мизоҷон ба техника ва таҷҳизоти хоҷагии қишлоқ коркард шудааст. Ин талаботҳо дар натиҷаи вохӯриҳои мизоҷон, ки мунтазам аз ҷониби намояндагони Бонк дар ҷамоатҳо гузаронида мешавад, маълум карда шуданд.
Акнун деҳқонон дастрасии бештар ба маблағҳои бонкӣ бо роҳи агролизинг ва маблағгузорӣ барои хариди таҷҳизоту техникаи хоҷагии қишлоқ пайдо намуданд.
Фаъолияти самти қарзҳои аграрӣ барои мусоидат дар беҳтарсозии соҳаи аграрӣ ва дастгирии заминдорон дар Тоҷикистон равона карда шудааст.
Бонки Эсхата дар оянда низ дар ин самт фаъолияти пурсамари худро баҳри рушди хоҷагии қишлоқ идома хоҳад дод.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста