Соли дуюм аст, ки Тоҷикистон пайдарпай дар Ҳафтаи байнулмилалии маърифат (саводнокӣ, дониш)-и молиявии Global Money Week, ки аз 14 то 21 март доир мегардад, ширкат меварзад.
Чорабинии мазкур ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии насли наврас ва ҷавонон аз масоили молиявӣ нигаронида шуда, ҳамасола дар 124 кишвари саросари ҷаҳон гузаронида мешавад.
Чорабинӣ бо ибтикори созмони байнулмилалии Child and Youth Finance International дар шарикӣ бо ниҳодҳои салоҳиятдор дар маҳалҳо доир мегардад, ки инҳо дар Тоҷикистон Бонки милии Тоҷикистон ва шарикони он дар симои Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон мебошанд.
Чун дар соли гузашта ҳафтаи мазкур бо иштироки бевоситаи барномаи GIZ «Шартҳои қолабӣ ва мабалғгузорӣ барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон» (FFPSD) доир гардида, дар доираи он дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ семинарҳои интерактивӣ баргузор мегарданд.
Ёдрас мекунем, ки аз 9 то 17 март дар доираи Global Money Week дар 14 мактабҳои шаҳрҳои Хуҷанлу Душанбе ва ҳамчунин 8 ноҳияи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ доир ба беҳбуди сатҳи огаҳӣ аз масоили молиявӣ чорабиниҳо гузаронида мешаванд. Дар ин семинарҳо 689 нафар хонадагони мактабҳои миёна ва олӣ иштирок карданд. Дар саросари ҷаҳон ташабббуси Global Money Week 5,6 млн. нафар толибилмонро фаро мегирад.
Барномаи FFPSD бо супориши Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) бо маблағгузории муштараки Вазорати умури рушди байнулмилалии Британия (DFID) аз ҷониби GIZ гузаронида мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста