Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар мавзӯи сиёсати қурбии худ байни ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ назарпурсӣ анҷом дод.
Хадамоти матбуоти БМТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки назарсанҷӣ бо мақсади танзими сиёсати қурбӣ бо пешниҳоди якчанд саволҳои мушаххас давоми ҳафтаи гузашта гузаронида шудааст.
Аз ҷумла, ташкилотҳои қарзӣ оид ба муқаррар кардани қурби бозории доллари ИМА дар асоси кадом қурб изҳори андеша кардаанд. Дар натиҷа, 32,7%-и пурсидашудагон посух додаанд, ки қурби бозории доллари ИМА-ро дар асоси қурбӣ расмӣ, 28,8% - қурби байнибонкӣ, 13,5% - қурби нақдӣ, 11,5% - қурби дохилибонкӣ ва 13,5% - қурби дигар муқаррар менамоянд.
Ба пурсиш дар бораи вобаста будани қурби бозории доллари ИМА ба қурби расмӣ 54,2% -«ҳа», 39,6% - «не» ва 6,3%-«намедонам» посух гуфтаанд.
Дар ҳамин ҳол, 48,9% ба бидуни тағйир боқӣ гузаштани то 1,5% маҳдудсозии қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд овоз дода, ҳамин миқдор «мухолиф» ва 2,1% - «намедонам» ибрози андеша кардаанд.
Ба савол доир ба аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ гузаронидани амалиёт дар бозори байнибонкӣ тариқи низоми савдои Томсон Ройтерс 55,8% - «ҳа», 32,6% - «не» ва 11,6% - «дигар» ҷавоб додаанд.
Саволи минбаъда дар шакли зерин пешниҳод шудааст: «Оё Шумо аз кори бозори байнибонкӣ розӣ хастед?». Ба ин савол 60,5% - «ҳа», 23,3% - «не» ва 16,3% - «дигар»-ро пешниҳод намудаанд.
Дар ҳамин ҳол, 83%-и пурсидашудагон ба дастгирии мубодилаи ҳатмии рубли русии интиқолӣ ба сомонӣ ва 12,8% «мухолиф»-и он посух гуфта, 4,3% аз посух худдорӣ кардаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста