Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурд “Алиф-Сармоя” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, акнун ин ташкилот ба ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд, кушодану пешбурди суратҳитсобҳои бонкӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ, амалиёти кассавӣ, амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва мубодилавӣ ва ғайра ҳуқуқ пайдо намуд.
Гуфта мешавад, дар робита ба қарори мазкур дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабти дахлдор дохил карда мешавад.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки бо қарори дигари Раёсати БМТ барои барҳамдиҳии ихтиёрии ФҚХ «Ҳамроз-Тус» розигӣ дода шуда, шаҳодатномаи Фонд бозхонд карда мешавад.
Мақомоти ваколатдори ФҚХ «Ҳамроз-Тус» вазифадор карда шудааст, ки ҳамчун шахси манфиатдор оид ба барҳамдиҳии фонди мазкур ба мақомоти судӣ муроҷиат намояд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии БМТ, айни замон дар низоми бонкии Тоҷикистон 24 ташкилоти қарзии хурд амал мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста