Соли равон Тоҷикистон ҳаҷми муомилоти мол бо Ӯзбекистонро ба таври қобили мулоҳиза афзуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми муомилоти моли ҷумҳурӣ қариб бо тамоми дигар кишварҳои хориҷӣ рӯ ба коҳиш аст.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти Ҷт иттилоъ доданд, дар зарфи 2 моҳи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳудуди 3,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 баробар зиёдтар мебошад.
Дар ҳамин ҳол, давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ муомилоти моли Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маҷмӯъ коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба бо Украина ба андозаи - 54%, Беларус - қариб 50%, Қирғизистон - 40%, Русия ва Туркманистон - тақрибан 14%-ӣ ва Қазоқистон - ба миқдори 8% поин рафтааст.
Қобили зикр аст, ки поинравии ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2009, баъди аз низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ хориҷ шудани Ӯзбекистон оғоз гардид.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон каме бештар аз 12 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2014 ба андозаи 6% камтар аст.
Ҳамчунин лозим ба зикр аст, ки аввали солҳои 2000-ум ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 500 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста