Губернатори вилояти Оренбурги Русия Юрий Берг ахири ҳафтаи сипаришуда бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гуманитариро баррасӣ карданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумаи вилояти Оренбург, Юрий Берг изҳор доштааст, ки дар қаламрави вилоят беш аз 4 ҳазор нафар тоҷикони этникӣ кору иқомат дошта, дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодии минтақа фаъолона саҳмгузоранд.
«Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба лоиҳаҳои оянда, аз ҷумла доир ба масоили табодули донишҷӯён ва амалисозии барномаҳои муштарак барои ҷавонон як қатор тавофуқот ҳосил шуд», - гуфтааст ӯ.
Гуфта мешавад, Имомуддин Сатторов ҳамчунин дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Наврӯз, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Автономияи минтақавии тоҷикии миллӣ-фарҳангӣ» бо дастгирии ҳукумати вилоят барпо шудааст, низ ширкат варзидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста