Ширкатҳои сайёҳӣ ва низоми тарҳрезии мустақилонаи сайру саёҳат ҳадди ақал 50% афзоиши талабот ба саёҳат дар марҳилаи фармоиши пешакӣ дар мавсими тобистон ба Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷонро ба қайд гирифтаанд.
Нашрияи «Коммерсантъ» дар ин робита менависад, иштирокчиёни ин бозор Абхозистонро яке аз самтҳои писандидаи саёҳат дар мавсими оянда номбар кардаанд, ки талабот ба он ба мисли кишвари Краснодар будааст. Тобистони имсол то 1,5 млн. нафар русиягиҳо нияти сайру саёҳат ба Абхозистонро доштаанд, ки дар қиёс бо соли гузашта 20% бештар аст.
Тибқи маълумоти ширкати «Делфин», имсол 200-300 ҳазор нафар русиягиҳо аз Гурҷистон, 100-200 ҳазор нафар - аз Қазоқистон, 100 ҳазор кас - аз Қирғизистон, 50 ҳазор нафар - аз Ӯзбекистон ва ҳудуди 30 ҳазор нафар русиягиҳо - аз Тоҷикистон боздид мекардаанд.
Иштирокчиёни ин бозор қайд кардаанд, ки талабот ба сайру саёҳат ба кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ натанҳо миёни мизоҷон аз Маскав, балки аз дигар шаҳрҳои бузурги Русия низ афзудааст.
«Туркия дастнорас аст, одамон ба ивази он ҷой кофта, ҳамзамон соли гузаштаро низ дар хотир доранд, ки дар натиҷаи афзоиши мавсимиии талабот ба осоишгоҳҳои баҳрии Русия, нархи дертар фармоиш додани саёҳат низ боло рафта буд», - шарҳ додааст вазъро ба нашрия мудири ширкати «Связной Трэвел» Алексей Дорош.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста