Иқтисодчиёни Бонки осиёгии рушд (БОР) зарурати гузариши Тоҷикистон ба модели нави рушдро қайд мекунанд.
Дар «Гузориши рушди Осиё-2016», ки рӯзи 30 март аз ҷониби БОР дар Душанбе муаррифӣ шуд, доир ба идомаи осебпазирии ҷумҳурӣ ба хатарҳо маълумот дода шуда, аз поинравии рушди иқтисоди Русия ва мутаносибан коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирон, ҳамчунин бозгашти қисмате аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан сухан меравад.
Коршиносони БОР таъкид месозанд, ки Тоҷикистон бояд аз модели «истеъмоле, ки бо интиқолҳои пулӣ таъмин мешаванд», ба модели рушди «истеъмоли дохилӣ ва содирот» гузарад. Онҳо ҳамчунин баргузории ислоҳот баҳри эҳё ва рушди заминаи саноатии кишвар ва афзоиши ба шуғл фаро гирифтани аҳолиро низ тавсия медиҳанд.
Дар гузориш роҳандозии тадбирҳои кӯтоҳмуҳлат, аз ҷумла қабули қарорҳои бештар устувор ва шаффоф барои ҳавасмандсозии сармоягузорӣ, кам кардани санҷишҳои ногаҳонӣ дар тиҷорат, маҳдуд кардани талабҳои пешпардохтҳои андозӣ, ба тартиб даровардани ҷараёни дастрас кардани иҷозатномаҳо барои сохтмон ва соддатар кардани қоидаҳои сертификаткунонии сифати маҳсулотро пешниҳод мекунанд.
Чунин амалҳои миёнамуҳлат тавсия дода мешавад: ҳавасмандкунии сармоягузориҳои хусусӣ, рушди долони иқтисодӣ, беҳбуди шароитҳои ҳамлу нақл (боркашонӣ), ислоҳот баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ҷиҳати таҳкими рушди имконпазир, сармоягузориҳои муттаҳида (кластерӣ) ба бахшҳои энергетика, технологияҳои иттилоотиву компютерӣ ва зербинои шаҳрӣ.
Қобили зикр аст, ки коршиносони БОР рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2016-ро дар сатҳи 3,8% ва то 4,0% дар соли 2017 пешгӯӣ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста