Имрӯз, 31 март зимни вохӯрии муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Саидраҳмон Назризода бо ҳайати тоҷирони ҳиндӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи бисёрсоҳавии Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди баррасӣ карор гирифт.
Аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҷонибҳо имконоти тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, зербино, гидроэнергетика, дорусозӣ, тиҷорат, маориф ва сайёҳиро баррасӣ карда, ба масоили рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта ҳайати Ҳиндустон бо роҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амоли давлатии ҶТ Қодир Қосим вохӯрда, дар мулоқот имконоти ҷалби сармояҳои Ҳиндустон ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шудаанд.
Қобили зикр аст, ки ҳайати тоҷирони Ҳиндустон санаи 27 март ба Душанбе ташриф оварда, рӯзҳои 28-29 март дар кори Ҳамоиши тоҷирону сҳибкорони ҳарду кишвар иштирок карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста