Дар доираи 11-умин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Интурмаркет 2016” (19-22 март) дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо ташаббуси ширкати “Экспотур” ҶДММ “Сафеддара” имкониятҳои сайёҳӣ ва хизматрасониҳои хешро муаррифӣ сохт.
“Интурмаркет” ягона муаррификунандаи ширкатҳои сайёҳии Русия ва кишварҳои наздик ба он аз қабили Испания, Египет, Марокко, Булғория, Хитой ва аксари кишварҳои пасошуравӣ маҳсуб меёбад. Имсол бори аввал дар таърихи мавҷудияташ ва он ҳам баъди бозсозиву барқарор шудани минтақаи истироҳативу варзишӣ ва сайёҳӣ, Сафеддара дар қатори дигар ширкатҳои сайёҳӣ ба ин намоишгоҳ даъват гардид.
Нисбат ба дигар ширкатҳои сайёҳӣ, ки хориҷиёнро ба сайёҳати доманакӯҳҳо ва дигар мавзеъҳои зебои Тоҷикистон сафарбар мекунанд, ширкати Сафеддара аз он ҷиҳат дар маркази таваҷҷуҳи сайёҳон қарор гирифт, ки дар баробари дар баландии кӯҳҳо ҷойгир шуданаш, шароити ҳамаҷиҳатаи зисту зиндагониро аз қабили меҳмонхона, тарабхона, маркази шабонаи дилхушкунӣ, ҷиҳози варзишиву дигар анвои истироҳатро дорост.
“Сафеддара” ягона машқгоҳи варзишии зимистона дар Тоҷикистон буда, солона ҳудуди 3 ҳазор нафар ба ин минтақа барои истироҳат мераванд. Маҷмааи мазкур ҳанӯз дар даҳаи 70-уми асри гузашта дар замони собиқ Шӯравӣ бунёд шуда, дар баландии 2300 метр ҷойгир шудааст.
Иқлиму мавқеъи ҷуғрофии ин минтақа дар дараи Тагоби Варзоб имкон медиҳад, ки барф дар ин ҷой то моҳи май об нашавад. То охирҳои соли 2015 ин минтақа дар ихтиёри Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ буд ва аҳволи на он қадар хуб дошт. Барои ҳамин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол базаи “Сафедорак”-ро барои эҳё ва бозсозии дубора ба ихтиёри ширкати “Сафеддара” супорид.
Ин ширкат саъй дорад, ки давоми 5 соли оянда ба ин база 45 миллион сомонӣ сармоягузорӣ карда, 120 ҷойи нави корӣ таъсис диҳад ва онро ба беҳтарин минтақаи сайёҳӣ ва варзишии зимистона табдил диҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста