Бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ имрӯз дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт бо иштироки тоҷирони Тоҷикистону Олмон дар мавзӯи «Ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ, бозорёбӣ (маркетингӣ) ва сармоягузорӣ» мизи гирд баргузор шуд.
Бино ба маълумоти созмондиҳандагони мизи гирд, ин чорабинӣ бо мақсади таҳкими робитаҳои кории мутақобилан судманд миёни соҳибкорони ҳарду кишвар, аз ҷумла ҷалби сармоя, дарёфти шарикони нав ва ғайра барпо шуда, дар кори он ҳудуди 20 нафар соҳибкорони олмонӣ ва беш аз 40 нафар соҳибкорони тоҷик ширкат варзиданд.
Зимни кори мизи гирд қайд шуд, ки сол то сол ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар самти сармоягузорӣ густариш ёфта, тайи 9 соли ахир аз Олмон ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 166,7 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ сурат гирифтааст, ки 6,7 млн. доллари ИМА сармоягузории мустақим ва боқимонда 160 млн. доллари ИМА қарзҳои гирифтаи ташкилоту корхонаҳои Тоҷикистон аз Олмон аст.
Дар кори мизи гирд зикр гардид, ки ҳиссаи асосии сармоягузорӣ аз Олмон ба бахши хизматгузории молиявӣ рост меояд, яъне ин воситаҳо асосан аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дастрас шудаанд.
Дар Рӯйхати ягонаи давлатии Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ ба ҳолати ахири соли гузашта 29 корхона бо сармояи Олмон сабт шудаанд.
Ҳамчунин дар ҷараёни ин чорабинӣ таъкид шуд, ки давоми 10 соли ахир аз ҳисоби кумаки давлатии Олмон дар Тоҷикистон ба маблағи 65,3 млн. доллари ИМА 7 лоиҳаи сармоягузорӣ ва ҳамчунин 178 лоиҳаи кумаки беруна ба маблағи 152,3 млн. доллари ИМА амалӣ шудааст.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Олмон 45,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли 2014 ба миқдори 18% бештар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста