Ба таъмиру барқарор намудани қитъаҳои афзалиятноки роҳ дар вилояти Суғд Корпоратсияи роҳи оҳани «Уъсзюй»-и Чин машғул мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, корпоратсияи мазкур дар тендер оид ба интихоби паймонкор барои амалисозии марҳилаи дуюми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – дар вилояти Суғд (РАОМ-2) ғолиб дониста шуда, ба ҷуз корпоратсияи «Уъсзюй», дар озмун боз 7 ширкати Чин низ иштирок карданд.
Дар ҳамин ҳол, ширкати «Дохва Инжиниринг Ко., Лтд»-и Ҷумҳурии Корея, ки корхонаи фаръии «Иникос Девелопмент Консалтинг» мебошад, хизмати машваратӣ оид ба назорати сохтмону таъмиру қитъаи роҳро ба анҷом мерасонад.
Дар баробари «Дохва Инжиниринг Ко., Лтд» дар тендер ширкатҳо аз Олмон, Лубнон, Австралия, Бангладеш ва Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.
Ёдрас мекунем, ки барои амалисозии марҳилаи дуюми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ Бонки ҷаҳонӣ соли гузашта 45 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард, ки он то соли 2020 дар Тоҷикистон татбиқ мешавад.
Марҳилаи дуюми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – дар вилояти Суғд қисмате аз лоиҳаи бузурги беҳтар намудани роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Барои амалисозии ин барнома ҳукумати Тоҷикистон ба сифати маблағгузории муштарак 9 млн. доллари ИМА ҷудо мекунад.
Марҳилаи дуюми барнома таъмиру барқарорсозии ҳудуди 70 километр роҳҳои алоқаи фаромарзӣ дар Суғдро, ки шабакаҳои роҳҳои Тоҷикистон бо шабакаҳои роҳҳои Ӯзбекистону Қирғизистонро мепайвандад, дар бар мегирад.
Барномаи мазкури бисёрмарҳилавӣ бо ташаббуси кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ шуда, ба беҳбуди алоқаи нақлиётӣ миёни кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин такмили методҳои истифода ва хизматгузории роҳҳо нигаронида шудааст.
Амалисозии марҳилаи аввали барнома ба таъмиру барқарор намудани шабакаи роҳҳои фаромарзӣ дар вилояти Ботканди Қирғизистон, дар марз бо Тоҷикистон сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста