Аз 28 март то 1-апрели соли 2016 дар доираи ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди хазинаи амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Олмон) байни Бонкҳои ҷумҳурӣ озмуни «Ҷоми Бонкӣ» гузаронида шуд.
Мақсади асосии гузаронидани озмуни «Ҷоми Бонкӣ» баланд бардоштани савияи идоракунӣ (менеҷмент)-и кормандони роҳбарикунандаи сатҳи болоӣ ва миёнаи Бонкҳо буда, масоили гуногуни бонкӣ аз қабили банақшагирии пардохтпазирӣ, тарофаҳо оиди амалиётҳои активӣ ва пассивӣ, таҳлили нишондиҳандаҳои бонкӣ ва маркетинг бо истифода аз стимуятсияи компютерӣ, стратегияи бонкӣ, ташкил ва банақшагирии шумора ва бозомӯзии кормандон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба ҳар як дастаи иштирокчӣ аз Бонкҳо тавозуни ҷудогонаи солона ва нишондиҳандаҳои ба он вобастаи шартӣ дар 5-давраи фаъолият пешниҳод карда шуд.
Дастаи Амонатбонк, ки дар ҳайати Маҳмудзода Б. - муовини Раиси Раёсат, Нидоев Д. - сардори шуъбаи назорати МХБ, Одинаев А. –муовини Директори Департаменти тараққиёти Бонк ва идоракунии хавфҳои бонкӣ, Азизов Б.- муовини сармуҳосиб ва Зайниддинов А. - муовини сардори Идораи амонат ва пардохтҳо дар ин озмун иштирок намуданд, тибқи талаботҳои ҷорӣ дар асоси маълумотҳои ҷойдошта идоракунии дуруст ва самараноки Бонки шартиро дар 5-соли фаъолият таъмин намуда, бо руҳнамои (прензетатсия) беҳтарин дар байни бонкҳои иштирокчӣ ғолиб дониста шуда, соҳиби «Ҷоми Бонкӣ» гардиданд.
Кормандони Фонди хазинаи амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ( Олмон) Татьяна Фельдган ва Инна Мазур ва намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ба ғолибон «Ҷоми Бонкӣ»-ро супорида, барои дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои бадастомада дар фаъолияти рӯзмарра ва ба Роҳбарият ва дастаи БДА ҶТ «Амонатбонк» барои иштироки фаъолона ва омодагии ҳамаҷониба изҳори сипос намуданд.
Қайд карда шуд, ки озмуни «Ҷоми Бонкӣ» соли оянда низ дар байни Бонкҳои ҷумҳурӣ гузаронида хоҳад шуд. Роҳбарият ва аҳли кормандони Амонатбонк ғолибонро ба ин пирӯзӣ муборакбод менамоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста