Дар раддабандии кишварҳо аз рӯи сатҳи иқтисод, ки нашрияи амрикоии Global Finance Magazine таҳия намудааст, Тоҷикистон бо нишондиҳандаи каме бештар аз 2,8 ҳазор доллари ИМА ба ҳар як сари аҳолӣ зинаи 153-умро ишғол кард.
Дар феҳристи ба истилоҳ «кишварҳои доротарини ҷаҳон ( The Richest Countries in the World ) 185 кишвар шомил шудаанд. Рейтинг бо назардошти маълумоти Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор тартиб дода шуда, зимни таҳияи он нишондиҳандаи қобилияти харидорӣ ба ҳар як сари аҳолӣ, ки ба арзиши нисбии ҳаёт ва сатҳи таваррум дар кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир мешавад, ба инобат гирифта шудааст.
Global Finance Magazine Қатар (ММД ба ҳар як сари аҳолӣ - 146 ҳазор $)-ро давлати дороторин (бойтарин)-и дунё номида, дар зинаҳои дуюм ва сеюми феҳрист Люксембург (94176 $) ва Сингапур (84821 $) ҷой гирифтаанд.
Ба 20-гонаи кишварҳои доротарини дунё ҳамчунин Бруней, Кувайт, Норвегия, АМА, Гонконг, ИМА, Швейтсария, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Нидерланд, Ирландия, Австралия, Австрия, Шветсия, Олмон, Тайван, Канада, Дания, Уммон, Исландия, Белгия ва Франсия низ шомиланд.
Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) Қазоқистон бо 25 ҳазору 367 $ барои ҳар як сари аҳолӣ зинаи 50-умро ишғол намуда, аз Русия бо ММД ба ҳар як сари аҳолӣ бо нишондиҳандаи 25 ҳазору 350 $ (зинаи 51-ум) пеш гузаштааст.
Туркманистон - дар мақоми 77-ум (15,8 ҳазор $), Ӯзбекистон - дар зинаи 127-ум (5,9 ҳазор $) ва Қирғизистон - дар ҷойи 142-юм (3,5 ҳазор $) қарор дошта, Афғонистон бо нишондиҳандаи 2 ҳазор $ ба ҳар як сари аҳолӣ зинаи 162-юмро касб кардааст.
Малави (зинаи 185-ум), Конго (зинаи 184-ум) ва Ҷумҳурии Африқоми Марказӣ (зинаи 183-юм) кишварҳои қашшоқтарини дунё унвон шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста