Намояндагони воломақоми мақомоти давлатии Қирғизистон, ИМА, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар ҷаласаи Шӯрои Созишномаи қолабӣ оид ба савдо ва сармоягузорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ва ИМА (TIFA), ки аз 4 то 6 апрели соли ҷорӣ дар Бишкек доир мегардад, иштирок мекунанд.
Бино ба маълумоти Вазорати иқтисоди Қирғизистон, дар ҷаласа вазъи муҳити савдо ва сармоягузорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла масоили марбут ба сармоягузориҳо, содда гардонидани расмиёти савдо миёни кишварҳои иштирокчии TIFA, дастрасии молу маҳсулоти кишварҳои иштирокчии Созишнома мутобиқи Низоми генералии имтиёзоти ИМА барои кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта ва ҳамчунин густариши имконоти иқтисодии занон ва мусоидат ба соҳибкори миёни занон баррасӣ мешавад.
«Гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои гумрук, меъёрҳо, тадбирҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ аз пешрафти ҳосилшуда дар ин самтҳо натиҷагирӣ ва вазифаҳо дар соли минбаъдаро тарҳрезӣ менамоянд», - омадааст дар маълумот.
Дар Созишномаи TIFA таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ИМА ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ - Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон (Афғонистон мақоми нозирро дорад) пешбинӣ шудааст. Созишнома ба роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ҳам бо ИМА ва ҳам байни кишварҳои минтақа нигаронида шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста