- Тайи панҷ соли ахир муҳоҷирони кории Украина ба ватанашон қариб 30 млрд. доллари ИМА ва тариқи миёнаравон ё гузаронидан таваасути марз боз 5 млрд. долллари ИМА-и дигар интиқол доданд, - менависад агентии тиҷоратии русиягии «Экономика сегодня».
Дар мавод қайд мешавад, ки барои Украинаи муосир ин маблағи хеле зиёд аст, зеро аз кумакҳои Хазинаи байнулмилалии асъор тайи солҳои ахир ва бевосита даромадҳои буҷети Украина дар соли 2016, ки 18 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, зиёдтар аст.
«Дар ҳамин ҳол, даромади украиниҳо дар ин самт тамоили пастравӣ касб карда, агар соли 2013 онҳо ба ватан 7,4 млрд. доллари ИМА фиристода бошанд, пас соли 2015 ин маблағ ҳамагӣ 4,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст ва сарфи назар аз чунин коҳиш, ин маблағ то ҳанӯз ба 25% аз даромади тамоми давлати Украина баробар аст», - қайд мешавад дар маълумот.
Гуфта мешавад, баъди қатъи робитаҳои иқтисодӣ бо Русия, Украина ба вазъи мушкил афтода, иқтисоду саноат, ки то рӯйдодҳои соли 2014 сарчашмаи асоси рушд буданду аз пешравӣ бозистоданд, нақши бузургро дар иқтисод коргарони украинӣ дар хориҷи кишвар ва даромадҳои ба ватан мефиристодаи онҳо мебозанд.
Муаллифони мавод бар ин назаранд, ки ин ҳолат ба ҷустуҷӯи монандиҳо миёни Украина ва чунин таъминкунандагони қувваи корӣ дар паҳнои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба мисли Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар он 46%-и ММД аз ҳисоби интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ ташаккул меёбад ва моҳиятан онҳо моли асосии содиротии ин кишвар маҳсуб меёбанд.
«Танҳо бо як фарқи назаррас ва он ҳам ин аст, ки дар Тоҷикистон афзоиши назарраси шумори аҳолӣ ба мушоҳида мерасад ва маъмулан «шахсони зиёдатӣ», ки дар хонаи худ ҷойи кор пайдо карда наметавонанд, он сӯи марз мераванд. Чунин раванд масалан дар Миср ва дигар кишварҳои Шарқи Наздик ба мушоҳида расида буд, ки баъдан рӯйдоди айни замон маъруф бо мафҳуми «баҳори арабӣ» сурат гирифт», - таъкид мешавад дар мавод.
Роҳбари Маркази таҳқиқоти иқтисодӣ ва Пажӯҳишгоҳи ҷаҳонишавӣ ва ҳаракатҳои иҷтимоӣ Василий Колташов дар суҳбат бо агентии «Экономика сегодня» гуфтааст, ин роҳ барои Украина худ аз худ зиёновар буда, кишварро ба ҳеҷ гуна рушде оварда намерасонад.
«Ҳамаи инро дар мисоли ҳамон Тоҷикистон дидан мумкин аст, ки ҳеҷ гуна рушде вуҷуд надошта, танҳо нигаҳдории ҷомеаи аллакай дар таназзул қарордошта дар сатҳи муайян вуҷуд дорад. Ҳамаи он маблағҳои пулие, ки ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд, ба ҳеҷ гуна рушди иқтисодии кишвар мусоидат накарданд ва инро нисбати Украина ҳам гуфтан мумкин аст», - иброз доштааст Колташов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста