Намоишгоҳ-ярмаркаи дуюми маҳсулоти покистонӣ таҳти унвони «Истеҳсоли Покистон» имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба кор шурӯъ намуд. Намоишгоҳи нахуст моҳи октябри соли гузашта дар пойтахти Тоҷикистон доир гардида буд.
Намоишгоҳи молу маҳсулоти Покистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) дар ҳамкорӣ бо сафорати Покистон дар Тоҷикистон ва ширкати «Промотайм Глобал» созмон дода шудааст.
Ин чорабинӣ дар доираи Ҷашновари тиҷоративу фарҳангӣ дар Душанбе (6-10 апрел) баргузор шуда, дар намоишгоҳ маҳсулоти беш аз 20 ширкати покистонии машғул ба фаъолият дар соҳаи саноати сабук ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ, муовини раиси ПСС Тоҷикистон Манзура Рустамова аз ҷумла изҳор дошт, ки хусусияти аслии ин чорабинӣ дар он ифода меёбад, ки дар он натанҳо сатҳи рушди бахшҳои афазлиятноки ҳарду кишвар таҷассум мегардад, балки дурнамои густурдаи ҳамкории мутақобилан судманд низ муайян карда мешавад.
Шоми имрӯз намоишгоҳ ба кори худ хотима мебахшад.











Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста