Беш аз 200 ширкати саноати хӯрокворӣ ва савдои яклухту чаканаи Русия ба имзои қарордодҳои мустақим бо корхонаҳои Тоҷикистон омодагӣ изҳор намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), раиси Палата Шариф Саид дар ин робита гуфтааст, айни замон ҷиҳати интиқоли мустақими маҳсулот ба Русия бо соҳибкорони минтақаҳои Русия гуфтушунидҳо ҷараён доранд. «Дар аксари боғу токзорҳои Тоҷикистон маҳсулоти содиротие парвариш карда мешаванд, ки дар хориҷи кишвар талабгорони зиёд доранд», - иброз доштааст ӯ.
Шариф Саид қайд кардааст, ки аз ҳисоби ҷалби фермерони хусусӣ, Тоҷикистон содироти сабзавоту мева танҳо ба Русияро панҷ маротиба зиёд карда метавонад. «Барои афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва содироти сабзавоту мева заминаи зарарӣ мавҷуд аст», - таъкид доштааст раиси ПСС Тоҷикистон.
Ба гуфтаи раиси Палата, ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Русия имконоти хеле густурда ва сатҳи баландро касб кардаанд. «Айни замон 75 субъекти Русия дар ҳамкории мустақими тиҷоративу иқтисодӣ бо Тоҷикистон саҳм дошта, дар ин самт созишномаҳои дахлдор ба имзо расонидаанд», - қайд кардааст Ш.Саид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста