Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) мутобиқи талаботи қонуни кишвар «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва бинобар иҷро карда натавонистани талаботи дастурамал «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд», барои азнавташкилдиҳӣ бо роҳи ҳамроҳшавии ҶДММ ТҚХ “Рушди Помир”, ҶДММ ТҚХ “Ишкошим”, ҶДММ ТҚХ “Рушди Дарвоз”, ҶДММ ТҚХ “Аврангзеб” ва ҶДММ ТҚХ "Шурообод” ба дархости онҳо розигӣ дода шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар робита ба ин, иҷозатномаҳои ҶДММ ТҚХ “Ишкошим”, ҶДММ ТҚХ “Рушди Дарвоз”, ҶДММ ТҚХ “Аврангзеб” ва ҶДММ ТҚХ "Шурообод”, ки аз ҷониби БМТ барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудаанд, бозхонд карда мешаванд.
ҶДММ ТҚХ “Рушди Помир” уҳдадор карда шудааст, ки пас аз бақайдгирии давлатии азнавташкилдиҳӣ дар мақомоти масъул нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва санадҳои тасдиқшудаи ташкилотро ба Бонки миллӣ пешниҳод намояд.
Тибқи қарори мазкур ҶДММ ТҚХ “Ишкошим”, ҶДММ ТҚХ “Рушди Дарвоз”, ҶДММ ТҚХ “Аврангзеб” ва ҶДММ ТҚХ "Шурообод”аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста