Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз Шартномаи консессияи Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и «Шӯроб» миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Hos Powertech International SDN BND»-ро, ки моҳи феврали соли равон ба имзо расида буд, тасдиқ намуд.
Зимни суханронӣ назди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи авмоли давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки тибқи шартнома ширкати олмонии «Фихнер» давоми як сол арзёбии фанниву иқтисодии ду лоиҳа - сохтмони МБГ «Шӯроб» ва таъмиру азнавсозии кони ангишти «Шӯроб» дар Исфараро анҷом медиҳад.
«Пас аз мувофиқасозии натиҷаҳои ин арзёбиҳо ширкати «Hos Powertech International SDN BND» ба сохтмони Маркази барқу гармидиҳии дар боло зикршуда бо иқтидори 300 мегаватт ва корҳои таъмиру азнавсозии ҶС «Шӯроб», ки ба истихроҷи ангишт машғул аст, шурӯъ мекунад», - қайд кард Қ.Қосим.
Зимнан зикр гардид, ки барои амалисозии танҳо марҳилаи аввали лоиҳаҳои дар боло зикршуда ширкати олмонӣ 400 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карданист.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста