Агентии «Тоҷикстандарт» тасмим гирифтааст, ки воридоти маҳсулотеро, ки дар онҳо бо забони тоҷикӣ маълумот мавҷуд нест, манъ намояд. Ба таври истисно воридоти маҳсулоти дорои маълумот бо забони русӣ иҷозат дода мешавад.
Сардори маркази матбуоти агентии «Тоҷикстандарт» Мурод Ашӯров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бино ба навиштаҳо ВАО, гӯё воридоти маҳсулоти эронӣ ба Тоҷикистон манъ шудааст, ки ин воқеъият надошта, тасмим агентӣ натанҳо ба маҳсулоти эронӣ, балки ба молу маҳсулоти воридотии дигар кишварҳое, ки дар борҷомаашон бо забони русӣ ё тоҷикӣ маълумот надоранд, низ дахл дорад.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз сабабҳои манъи воридоти маҳсулоти эронӣ дар борҷомаҳои онҳо бо тақвими мусалмонӣ дарҷ ёфтани санаи истеҳсол ва муҳлати нигаҳдории маҳсулот аст. «Аз солшумориву тақвими ҳиҷрӣ аксари шаҳрвандони мо огаҳ нестанд. Ҳамчунин ошкор карда шуд, ки номи баъзе маҳсулот комилан ба таркиби он мувофиқ нест», - қайд кард Ашӯров.
Бино ба қавли номбурда, дар ҳама гуна маҳсулоти воридотӣ аз Чин, Афғонистон, Покистон, Эрон ва дигар кишварҳои хориҷӣ бояд санаи истеҳсол ва дигар тамғаҳо бо ҳуруфи кирилликӣ дарҷ ёфта бошанд, на бо алифбои форсӣ, ки аксари аҳолии мо аз он огаҳӣ надоранду бархе аз соҳибкорони беинсоф аз он истифода мекунанд.
«Зимни санҷиш қонуншиканиҳои марбут ба санаи рехтани маҳсулот ба борҷома, дар маҳсулот вуҷуд доштани омехтаҳои «бегона», ғайр аз ин, як қатор мавридҳои риоя нашудани меъёрҳои ватаниву байнулмилалии мувофиқат ба стандарт ошкор гардид, 6 нафарро мо ҷарима кардем», - афзуд Мурод Ашӯров.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста