Дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб имрӯз бо иштироки намояндагони ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ як аксияи бузургмиқёс доир гардид.
Дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» раиси Кумитаи ҷавонон, варззиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар ин робита изҳор намуд, ки ба аксияи асосии «Муттаҳидсозии ҷавонон тариқи туризми дохилӣ», ки дирӯз бо хатсайри Душанбе - Хоруғ оғоз гардида, дар ҳамаи маҳаллаҳои аҳолинишини бузурги канори ин роҳ доир мегардад, дар Кӯлоб бо чорабиниҳои худ ҷавонони маҳаллӣ ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳамроҳ шуданд.
Аз ҷумла ҷавонони Кӯлоб ба дастгирии Пешвои миллат ва ҲХДТ ба пуштибонӣ аз раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Конститутсияи кишвар чорабиниҳо баргузор намуданд.
Ба гуфтаи А.Абдуллозода, аксияи ба ин монанд имрӯз дар маркази маъмурии ноҳияи Шӯрообод барпо мешавад. «Рӯйдоди асосии сафар ба Помир пагоҳ, 20 апрел шурӯъ аз вохӯрии дастаи ҷавонони футболи «Истиқлол» бо мунтахаби футболи Бадахшон дар Хоруғ ва шоми ҷавонон дар маркази маъмурии ВМКБ сурат мегирад», - иброз дошт ҳамсуҳбат.
А.Абдуллозода таъкид дошт, ки минбаъд ба рушди туризми дохилӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад шуд, зеро таҳқиқоти аз ҷониби Кумита суратгирифта нишон додаанд, ки ҷавонони кишвар назар ба рӯйдодҳои дохилӣ ҷумҳурӣ, аз рӯйдодҳои хориҷи кишвар бештар маълумот доранд. «Имрӯз мо ҳудуди 80 нафарро ҳамроҳ ба гурӯҳ гирифтем, ки натанҳо дар Помир, ҳатто ягон маротиба ба Кӯлоб ҳам сафар надоштаанд», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста