Ширкати трейдингии Glencore International AG-и Швейтсария соли равон харидории 200 ҳазор тонна гилхокро барои «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) маблағгузорӣ мекунад.
Аз хадамоти матбуоти ТАЛКО ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта вохӯрии раҳбарияти корхона бо ҳайати баландпояи Glencore International AG таҳти раҳбарии президенти ин ширкат Айван Гласенберг (Ivan Glasenberg) доир гардида, дар он масоили ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба баррасӣ шудаанд.

Ширкати Glencore International AG яке аз шарикони бузурги ТАЛКО дар бахши фурӯши алюминии аввалия мебошад. Дар самти таъмини ТАЛКО бо гилхок ва фурӯши маҳсулоти алюминии аввалия ширкатҳо аз соли 2007 ҳамкорӣ доранд. Байни ширкатҳо ду созишнома оид ба таҳвили алюминий аз ТАЛКО ба ширкати швейтсарӣ ҳамасола дар ҳаҷми 163 ҳазор тонна ба имзо расидааст, ки ин созишномаҳо то охири соли равон амал мекунанд.
Дар навбати худ ширкати Glencore International AG маблағгузории таъмини ТАЛКО бо 200 ҳазор тонна гилхок барои эҳтиёҷоти истеҳсолии корхонаро ба уҳда гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки моҳи апрели соли 2015 миёни ширкатҳо созишнома ба имзо расида, мутобиқи он ширкати швейтсарӣ ба маблағгузорӣ ҷиҳати таъмири 200 адад ваннаҳои электролизии корхонаи Тоҷикистон уҳдадор шуд.
Ёдрас мекунем, ки худи ҳамон рӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори генералии Ширкати Glencore International AG Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфта , дар мулоқот фаъолияти Ширкати «Гленкор» дар Тоҷикистон ва ҳамкории он бо корхонаҳои бузурги саноатии мамлакат муҳим арзёбӣ шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста