Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ дар ин ноҳия ҳусни оғоз бахшид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” дар майдони 5,2 гектар бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 10 ҳазор ва дар як сол дуюним миллион адад гаҷкартон мебошад.
Гуфта мешавад, дар корхона зиёда аз 200 нафар мутахассисону коргарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, маблағи умумии сохтмони корхона беш аз 130 миллион сомонӣ (баробар ба 18 миллион доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки қаблан сарвари давлат дар саҳни ҳавлии ин корхона барои бунёди боз ду корхона оид ба истеҳсоли рангҳои гуногун ва маводи нигоҳдорандаи гармӣ – пахташиша бо таъсиси 150 ҷойи корӣ санги асос гузошт.
Барои сохтмони ин ду корхона аз ҳисоби сармояи ҶДММ Ғаюр 150 миллион сомонӣ ҷудо гардида, иқтидори солонаи корхонаи рангҳои эмулсионӣ 15 ҳазор тонна ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти гарминигоҳдорӣ 170 ҳазор метри мукааб мебошад.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста