ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» як қисмате аз кормандонашро ба рухсатии бемузд гусел карданист, аммо аз шарҳи сабаби ин иқдом дар худи бонк худдорӣ варзиданро авло медонанд.
Аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки то ҳол ҳеҷ нафаре аз кормандони бонк ба рухсатии бемузд фиристода нашудааст ва навиштаҳои бархе аз ВАО дар ин хусус асоси воқеӣ надоранд.
Бино ба гуфти манбаъ, оянда маъмурияти бонк ният дорад, ки як қисмате аз кормандонро ба муҳлати номуайян ба чунин рухсатӣ ҷавоб диҳад. «Мо аллакай имзои шахсонеро, ки ихтисор мешаванд, гирифтем, яъне онҳоро аз нияти худ огоҳ кардем», - гуфтанд дар бонк.
Дар робита ба муайян кардани сабаби чунин тасмим гирифтани бонк ба мо тавсия доданд, ки ба раҳбарияти бонк муроҷиат кунем, вале то ҳол тамос гирифтан бо онҳо муяссар намешавад.
Қобили зикр аст, ки аз оғози сол доир ба «пардохтнопазирӣ» ва ва гӯё муфлисшавии имконпазири ин бонк овозаҳо ҷой доранд.
Санаи 9 марти соли равон масъулини Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки Аврупоӣ оид ба таҷдид ва рушд (БАТР) масъалаи рушди сохтори бонкии Тоҷикистон, бахусус нақши бонкҳои низомсоз ба монанди «Тоҷиксодиротбонк»-ро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин ахири моҳи март дар маҷлиси солонаи умумии саҳҳомони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» низ масоили солимгардонии вазъи молиявӣ баррасӣ шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста