Амиршо Миралиев, собиқ роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Иззатулло Лаълбековро дар мансаби раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон (АБТ) иваз кард.
Муовини раиси АБТ Раҳматшо Сайисмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар Маҷлиси умумии аъзои Ассотсиатсия А.Миралиев раиси АБТ интихоб шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, И.Лаълбеков бо хоҳиши худаш аз ин вазифа рафтааст. «Ӯ чандин маротиба ба аъзои АБТ бо аризаи аз кор озод карданаш аз ин мансаб муроҷиат карда буд», - гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки то ба ин мансаб интихоб шудан А.Миралиев ба ҳайси роҳбари Шӯрои нозирони ҶСК «Соҳибкорбонк» фаъолият дошт.
Айни замон 13 ташкилоти қарзӣ аъзои АБТ мебошанд: БДА ҶТ «Амонатбонк»; ҶСК «Ориёнбонк»; ҶСК «Агроинвестбонк»; ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»; «БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк»; ҶСК «Бонки Эсхата»; ҶСП «Фононбонк»; ҶСК «Соҳибкорбонк»; ҶСК «Accessbank Tajikistan»; ҶСП ТҚХ «ФИНКА»; ҶСП «Аввалин Бонки Молиявии хурд»; ҶДММ ТҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ва ҶСП ТҚХА «Боварӣ ва ҳамкорӣ».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста