Тамоили тадриҷан кам шудани воридоти орд ва ҳамзамон афзоиши воридоти гандум ба Тоҷикистон идома дорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, давоми се моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 24,8 ҳазор тонна (январ марти соли 2015 - 33,4 ҳазор тонна) орд ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 25,7% камтар аст.
Дар ҳамин ҳол, тӯли се моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 204,8 ҳазор тонна (3 моҳи соли 2015 - 173,4 ҳазор тонна) гандум ворид гардидааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 18,1% бештар мебошад.
Дар сохторҳои бахши иқтисоди ҷумҳурӣ ин тамоилро ба афзоиши шумори корхонаву коргоҳҳои истеҳсоли орд марбут медонанд. Кишвари асосии воридкунандаи орду гандум ба ҷумҳурӣ Қазоқистон боқӣ мемонад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста